Вохӯрии бародарон

Вохӯрии бародарон

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 32, 33, 35:1-7

«Ҳамаи меҳру вафоро, ки дар ҳаққи бандаат нишон додаӣ, сазовор нестам; зеро бо чӯбдасти худ аз ин Урдун гузашта будам; ва ҳоло молики ду бошишгоҳ мебошам».

Ҳангоми сафари тӯлонӣ ҳама шодӣ мекарданд, ки ба кишваре мераванд, ки Худо ба Иброҳим ва авлодонаш ваъда додааст. Фақат як чиз ором намегузошт – Эсов онҳоро чӣ тавр пешвоз мегирад? Яъқуб дар ёд дошт, ки Эсов боре ӯро куштан мехост, аз ҳамин сабаб ҳозир ӯ метарсид, ки Эсов ӯро ва фарзандонашро накушад.

Яъқуб фаҳмид, ки Эсов чорсад касро ҷамъ карда,ба пешвози ӯ баромад. Чӣ бояд кард? Агар Эсов нияти бад дошта бошад, Яъқуб нобуд мешавад. Ӯ гурехта наметавонист, чунки бо рамаҳои бисёр, бо занону фарзандон зуд ҳаракат кардан ғайриимкон буд. Ва барои мудофиа ӯ мардони кам дошт.

Аввалин коре ки ӯ кард, он буд, ки рамаҳои худро ба ду қисм ҷудо кард ва як қисмро пешопеш равона кард.

«Агар Эсов ба онҳо ҳуҷум кунад, ман мефаҳмам, ки ӯ ҳанӯз аз ман хашмгин аст. Он гоҳ ақаллан қисми дуюм гурехта метавонад», – гуфт ӯ ба писаронаш. Худи Яъқуб бо қисми якум буд.

Ҳангоме ки бегоҳ фаро расид, ӯ аз бошишгоҳ каме ба канор рафта дуо гуфт: «Худоё, ман сазовори марҳамати Ту нестам. Ман фиреб мекардам, аммо Ту ба ман марҳамат мекардӣ. Ва ҳозир аз Ту хоҳиш мекунам, ки маро ва аҳли оилаамро дар амон нигоҳ дор, ба Эсов имкон надеҳ, ки моро кушад, охир Ту ваъда кардаӣ, ки паноҳ медиҳӣ, ва ин заминро – ба авлодони ман медиҳӣ». Пагоҳии рӯзи дигар Яъқуб ғуломонашро бо сӣ шутур ба пешвози бародараш фиристод. Ҳангоме ки онҳо рафтанд, Яъқуб боз як гурӯҳ ғуломонро бо дусад гӯсфанд фиристод. Пас аз муддате аз паси онҳо, бо масофаи муайян байни якдигар, рамаҳои бузҳо, говҳо ва харҳо фиристода шуданд. Ин ҳайвонҳо тӯҳфа буданд. «Агар Эсов тӯҳфа пайи тӯҳфа гирад, ҳангоме ки мо во мехӯрем, аз ман хашмгин намешавад», – фикр мекард Яъқуб.

Яъқуб ба пешвози Эсов ҳамаи қосидонро бо тӯҳфаҳо фиристод, аммо Эсов ҳанӯз намоён намешуд.

Шаб фаро расид, ҳама ба хоб рафтанд. Дар байни шаб Яъқуб бархеста, рамаҳо ва аҳли оилаашро, аз наҳри хурде гузаронд. Ӯ як худаш дар он тарафи наҳр монд. Ва ногоҳ Шахсе пайдо шуда бо ӯ гӯштин гирифт. Ин Шахс Фариштаи Худо буд, ки симои одамӣ гирифта буд. Онҳо муддати зиёд гӯштин гирифтанд. Яъқуб бо тамоми қувват худро ҳимоя мекард. Ва чун ин Шахс дид, ки ӯро мағлуб карда наметавонад, ба рони Яъқуб зарба зад. Яъқуб гӯштинро давом дода наметавонист, аммо ҳарифашро сахт дошта меистод.

– Маро сар деҳ, – гуфт ҳарифаш, – чунки аллакай субҳ дамидааст.

Аммо Яъқуб Ӯро сар надод.

– Аввал маро баракат деҳ.

– Номи ту чист? – пурсид Шахс.

– Яъқуб.

– Минбаъд номи ту на Яъқуб, балки Исроил мешавад, чунки ту бо Худо гӯштин гирифтӣ, ва одамонро мағлуб карда метавонӣ.

– Ба ман номатро бигӯй, – хоҳиш кард Яъқуб, аммо Ӯ ҷавоб надод.

Ва Яъқуб фаҳмид, ки на бо одам, балки бо Худо гӯштин гирифтааст.

Ва Худо Яъқубро баракат дод. Ҳангоме ки дар шарқ офтоб пайдо шуд, Шахси ношинос ғайб зад. Яъқуб оҳиста бархест ва аз наҳр гузашт. Ӯ мелангид, чунки ронаш дард мекард.

Ба зудӣ Яъқуб ба рамаҳо ва аҳли оилааш расида гирифт. Ба дуро дур нигариста, ӯ дид, ки як гурӯҳ мардон ба пешвози онҳо меоянд. Ин Эсов бо ғуломони худ буд.

Яъқуб бо изтироб ба пешвози онҳо рафт ва ҳамчун рамзи фурӯтанӣ ҳафт бор дар пеши онҳо то замин таъзим намуд. Аммо Эсов ба пешвози ӯ давид ва ӯро оғӯш карда, бӯсид ва гуфт:

– Яъқуб, ман аз дидани ту шод ҳастам!

Аз дили Яъқуб бори гароне афтид – Эсов акнун аз ӯ хашмгин набуд! Яъқуб хеле хурсанд шуд, ки дили Эсов нарм шудааст! Яъқуб аз Худо хоҳиш карда буд, ки ба Эсов таъсир расонад, ва Худованд дуои ӯро шунид. Ва ҳар ду аз хурсандӣ гиря карданд.

Эсов нигоҳ карда, Роҳел, Леё ва фарзандони онҳоро дид ва пурсид:

– Инҳо киҳоянд?

Яъқуб ҷавоб дод:

– Инҳо фарзандоне мебошанд, ки Худованд ба ман тӯҳфа кардааст. Он гоҳ Роҳел, Леё ва фарзандони Яъқуб ба Эсов то замин таъзим карданд.

Баъд Эсов пурсид:

– Ин чи рамаҳои гӯсфандон, говҳо ва бузҳо буд, ки ман дар роҳ во хӯрдам; чаро ту онҳоро ба ман фиристодӣ? Ман молу дороии зиёде дорам, бародарам, молатро бо худ нигоҳ дор.

Яъқуб бошад аз Эсов хоҳиш намуд:

– Тӯҳфаи маро қабул намо, чунки Худо саховатмандона ба ман ато кардааст, ва ман ҳама чиз дорам.

Ҳамин тавр Яъқуб аз Эсов хоҳиш кард, ва ӯ тӯҳфаҳои Яъқубро қабул намуд. Эсов ба Яъқуб гуфт:

– Биё ҳамроҳи ман ба маҳалли зисти ман равем. Аммо Яъқуб ҷавоб дод:

– Ман зуд рафта наметавонам: фарзандонам беқувватанд, ман барраҳо ва бузғолаҳои бисёр дорам, ва агар онҳоро зуд пеш ронам, онҳоро аз даст медиҳам.

Ҳамин тавр Яъқуб бо Эсов нарафт. Он гоҳ Эсов ба хонаи худ баргашт, ки хеле дур, берун аз ҳудуди замини Канъон буд. Ва Яъқуб аз Урдун гузашта дар замини Канъон дар наздикии шаҳри Шакем сокин шуд. Ӯ хайма зад, қурбонгоҳ сохт ва Худованд Худоро парастиш намуд.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Яъқуб ҳангоми ба хона баргаштан аз чӣ метарсид?

  2. Вохӯрии бародарон чӣ тавр гузашт?

  3. Яъқуб чӣ номи нав гирифт

13. Вохӯрии бародарон00:00 / 09:54