Яъқуб дар ғарибӣ

Яъқуб дар ғарибӣ

Китоби Муқаддас, китоби Ҳастӣ, бобҳои 29, 30, 31:1-12

«Ва Яъқуб ба роҳ даромада, ба сарзамини аҳли шарқ равона шуд.»

Ниҳоят Яъқуб ба маҳалле расид, ки хешовандонаш дар он ҷо зиндагӣ мекарданд. Ӯ аз чӯпонон пурсид, ки оё онҳо Лобонро медонанд?

– Медонем, – ҷавоб доданд чӯпонон. – Он духтарро, ки ба ин ҷо рамаи гӯсфандонро меоварад, мебинӣ? Ин Роҳел, духтари хурдии Лобон аст.

Ҳамин тавр Яъқуб боварӣ ҳосил намуд, ки ба мақсади сафараш расидааст. Худоро шукргузорӣ намуда, ӯ ба Роҳел ёрӣ дод, то ба гӯсфандонаш аз чоҳ об диҳад. Роҳел зебо буд, ва Яъқуб дарҳол инро пай бурд. Аммо ӯ ҳанӯз ба вай нагуфт, ки ӯ кист.

– Чаро ту ба ман ёрӣ мерасонӣ? – пурсид Роҳел.

– Чандин сол пеш аммаат Ривқо аз ин ҷой рафт, то ки дар замини Канъон ба шавҳар барояд, – ҷавоб дод Яъқуб.

– Медонам, – гуфт Роҳел, – падарам Лобон дар ин бора ба ман гуфта буд. Аммо ту кистӣ?

– Ман Яъқуб, писари Ривқо ҳастам.

– Пас, ту хеши ман ҳастӣ! – хурсанд шуд Роҳел. – Ба хонаи мо марҳамат намо!

Лобон дар бораи Яъқуб шунида, бо хушнудӣ ба пешвози ӯ баромад.

– Ба хонаи ман марҳамат намо, меҳмони ман шав!

Дар хонаи Лобон ҳама хурсандӣ мекарданд. Хӯрданиҳои идона оварда шуданд, ва Яъқуб ба хешовандонаш дар бораи он нақл намуд, ки падараш Исҳоқ аллакай пир ва нобино шудааст, аммо Ривқо ҳанӯз саломат аст; дар бораи он ки ӯ аз ду бародарони дугоник хурдӣ аст; дар бораи он ки ӯ баракати падарро гирифт ва ворис шуд.

– Чӣ тавр? – пурсиданд хешовандон. – Ту охир бародарӣ хурдӣ ҳастӣ-ку?

Он гоҳ Яъқуб софдилона дар бораи фиреби худ нақл кард. Ӯ аз кори кардааш шарм медошт, аммо намехост ба хешовандонаш низ дурӯғ гӯяд.

– Ту хуб накардӣ, – гуфт Лобон.

– Медонам, – ҷавоб дод Яъқуб. – Албатта, бародарам акнун аз ман хашмгин аст. Аз ҳамин сабаб модарам маро назди ту фиристод. Ба ман лозим меояд муддате дар ин ҷо бошам, то даме ки хашми Эсов паст шавад.

– Албатта, ту метавонӣ дар ин ҷо монӣ, дар корҳои ман ёрӣ медиҳӣ. Мо хешу табор ҳастем-ку. Аммо ба ман бигӯ, Яъқуб, оё падарат розӣ буд, ки ту ба ин ҷо сафар кунӣ?

– Ӯ ҳатто худаш маро ба ин ҷо фиристод! – ҷавоб дод Яъқуб. – Ман бояд дар ин ҷо ба худ зан ёбам.

Дар айни ҳол ӯ каме сурх шуд ва ноаён ба Роҳел нигарист. Ҳангоме ки як моҳ гузашт, Лобон пурсид, ки Яъқуб барои меҳнаташ аз ӯ чӣ подоше гирифтан мехоҳад. Яъқуб аллакай дар ин бора фикр карда буд.

– Ту медонӣ, ки ҳангоме кас зан гирифтан мехоҳад, ба падари зан барои арӯс маҳр додан даркор аст. Ва ман мехоҳам Роҳелро ба занӣ гирам. Оё Ту розӣ мешавӣ, ки ман барои ту ҳафт сол кор кунам ва ин маҳр барои Роҳел бошад?

Лобон бо табассум гуфт:

– Албатта, беҳтараш ман духтарамро ба ту диҳам, назар ба ин ки ба ягон каси дигар.

Ва инак Яъқуб ҳафт сол барои Лобон кор кард. Ниҳоят ин мӯҳлат гузашт, ва рӯзи тӯй муқаррар карда шуд. Дар вақти тӯй рӯи арӯс пӯшида буд – анъана чунин буд. Ва фақат пагоҳӣ пас аз тӯй Яъқуб рӯи ӯро дида тавонист. Зане ки ӯ гирифта буд, Роҳел набуд! Ӯ хоҳари калонии Роҳел – Леё буд!

Ӯ давида назди Лобон рафт.

– Ин чӣ маъно дорад?! – фарёд кард ӯ. – Ман ҳафт сол на барои Леё, балки барои Роҳел кор кардам! Ту маро фиреб кардӣ!

– Медонӣ, дар маҳалли мо духтари хурдиро пеш аз калонӣ ба шавҳар намедиҳанд.

Яъқуб ба замин нишаста гиря кард. Фақат акнун ӯ фаҳмид, ки фиреб хӯрдан то чӣ андоза даҳшатовар аст. Лобон ба Яъқуб гуфт, ки агар ӯ боз ҳафт сол барои вай кор кунад, Роҳелро ба ӯ медиҳад. Дар он замонҳо мардон як чанд зан гирифта метавонистанд, ва Яъқуб ба ин пешниҳод розӣ шуд. Пас аз як ҳафта боз як тӯй баргузор шуд. Ин дафъа бе фиреб. Яъқуб акнун Роҳелро, ки дӯсташ медошт, ба занӣ гирифт.

Яъқуб боз ҳафт сол барои падарарӯсаш кор кард. Ва ҳангоме ки ин вақт гузашт, ӯ боз якчанд сол дар он ҷо монд. Аммо акнун ӯ барои маҳри арӯс кор намекард, балки худаш соҳиби рамаҳои говон, гӯсфандон ва бузҳо буд. Дар ниҳояти кор рамаҳои ӯ аз рамаҳои Лобон бештар шуданд. Ғайр аз ин, ӯ дувоздаҳ фарзанд дошт: ёздаҳ писар ва як духтар. Ӯ қаноатманд буд: Худованд бо ӯ буд ва ӯро баракат медод. Аммо ба зудӣ Яъқуб пай бурд, ки Лобон ва писаронаш ба сарвати ӯ ҳасад мебаранд.

Дар ин вақт Худо ба Яъқуб гуфт, ки ба замини падаронаш, ба назди аҳли оилааш баргардад.

Саволҳо барои муҳокима

3 савол
  1. Яъқуб ва Роҳел чӣ тавр шинос шуданд?

  2. Чӣ тавр Лобон Яъқубро фиреб дод?

  3. Чаро муносибати писарони Лобон ба Яъқуб дигар шуд?

12. Яъқуб дар ғарибӣ00:00 / 08:20